Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 03377

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 03377-и Комендатураи ҳарбии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар маросими савгандёдкунӣ, ки дар доираи чорабиниҳои марбут ба моҳвораи ҷавонон сурат гирифт, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр, каменданти ҳарбии вилояти Суғд Шарифзода Ҳайдар Мирсаид ва мудири бахши ҷавонон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки дар маросими савгандёдкунӣ беш аз 50 нафар наваскарони қисми ҳарбӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд ва барои хизмати содиқона дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.