«Аҳамияти сиёсию байналмилалии Эъломияи Хуҷанд ва марҳилаи нави сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат дар минтақа»

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 25-уми апрели соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманди директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод таҳти унвони «Аҳамияти сиёсию байналмилалии Эъломияи Хуҷанд ва марҳилаи нави сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат дар минтақа» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар партави ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб бо мақсади арҷгузорӣ ба сиёсати сулҳофаронаву хирадмандона, азму талошҳои пайгирона ва нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳи минтақавӣ, эҷоди фазои солими мафкуравию иттилоотӣ доир карда шуда, дар он аҳамияти санадҳои пурарзишу таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, ки рӯзи 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд, бо шукуҳи хоса аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расиданд, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода чорабиниро оғоз бахшида, зикр дошт, ки Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ санадҳои тақдирсоз буда, дастоварди фарҳангию маънавӣ ва миллии Тоҷикистони азиз ва кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд. Маҳз таҷрибаи бузурги роҳбарӣ, сулҳофарӣ ва сатҳи баланди дараҷаи худшиносии милливу умумибашарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон қавитар гардида, ин иқдоми беназир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун навиди сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому самимият ба миллатҳои ҳамдигар ва иродаи қавию нексириштии роҳбарони кишварҳои вориди шартнома эътироф гардид. 

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дар суханронии худ зикр намуд, ки миллати тоҷик натанҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё тавассути бузургтарин фарзандонаш тамаддун, муҳаббат ва инсон офаридааст. Осори безаволи фарзандони фарзонаи тоҷик барои пешрафт ва осоиши башарият хизмат карда, илму маърифат, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ҳамдилӣ ва саодат бахшидан ба ҳамдигарро талқин намудаанд. Вохӯрии сарони давлатҳои ба ҳам дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев намунаи олии тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдати миллӣ дар минтақа буда, ҳамчун воқеаи басо бузург дар таърихи ҳазорсолаи сеюми инсоният бо ҳарфҳои заррин сабт мешавад. 

Директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар оғози сухан, макони ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ – шаҳри Хуҷандро фоли нек ҳисобида, иброз намуд, ки ин шаҳри бостонӣ дар сарнавишти халқи тоҷик нақши бузург бозида, фарзандони шуҷои ин сарзамин дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо ҳисси баланди худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ ҷонфидоӣ намудаанд.

Бинобар ин, матни Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ бо изҳори миннатдорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон оғоз меёбад ва нишонаи эҳтироми таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, корномаҳои беназири фарзандони бонангу номуси Ватан ва давлатдории миллиамон мебошад. 

Зикр гардид, ки дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона дар авҷ ҳастанд, сулҳу амоние, ки бо тадбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон ба вуҷуд омад, бузургтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллатҳои тоҷику қирғиз ва узбек мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти ин дастоварди беназир ва идомаи дастгириву пуштибонӣ аз сиёсати дарҳои кушоду ҳамсоягии неки давлату Ҳукумати мамлакат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Чорабинӣ дар фазои шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сипосмандӣ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ҳусни анҷом пазируфт.