Маълумот дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2025

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ дар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2025-ум нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 8 млрд. 335,8 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,1 дарсад баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,0 дарсадро ташкил додааст.

Афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 33,3 дарсад, кишоварзӣ 9,3 дарсад, гардиши савдои чакана 6,8 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 5,4 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ 27,1 дарсад ва ғайра таъмин гардид.

Дар натиҷаи чораю тадбирҳои андешида ва дар заминаи рушди иқтисодиёти вилоят, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар семоҳаи якуми соли 2025-ум ба андозаи 105,6 дарсад таъмин ва ба буҷети давлатӣ 1671,2 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Воридоти маблағ нисбат ба нақшаи таҳрезишуда 89,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 338,6 млн. сомонӣ ё 25,4 дарсад зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти пешакии мақомоти андози вилоят дар ин давра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 380,8 млн. сомонӣ ё баробари 107,6 дарсади нақша маблағ ворид гардид, ки аз он андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 166,6 млн. сомонӣ ё ба қадри 101,2 дарсади нақша ва андози иҷтимоӣ аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 214,1 млн. сомонӣ ё 113,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Давоми соли ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқаррарӣ роҳандозӣ шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи умумии 412,2 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 4,9 млн. сомонӣ кам ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2024-ум 55,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи буҷетҳои маҳаллӣ 1048,2 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 69,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 254,9 млн. сомонӣ ё 32,1 дарсад зиёд мебошад.

Маблағи бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳо (бе назардошти қарзи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят) дар ҳолати 1 апрели соли 2025 дар вилоят ба 54,7 млн. сомонӣ баробар шуд. Маблағи бақияи умумии қарзи андозҳо бошад, бо назардошти қарзи корхонаҳои Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят, ба 86,2 млн. сомонӣ баробар шуд ва ин рақам нисбат ба аввали сол 2,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. 

Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 23,4 млн. сомонӣ (27,1 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо), андози иҷтимоӣ ба маблағи 22,1 млн. сомонӣ (25,6 дарсад), андоз аз арзиши иловашуда 16,2 млн. сомонӣ (18,8 дарсад), андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 7,6 млн. сомонӣ (8,8 дарсад), андоз тибқи низоми соддакардашуда 5,7 млн. сомонӣ (6,6 дарсад) ва ғайра ташкил медиҳад. 

Маблағгузории қисми хароҷоти буҷети вилоят дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва дар асоси қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, дар маҷмўъ, 896,0 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,2 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 7,6 млн. сомонӣ кам ва дар қиёс бо хароҷоти амалии ҳамин давраи соли қаблӣ 199,8 млн. сомонӣ ё 28,7 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамзамон, маблағгузории хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии муассисаҳои буҷетӣ сари вақт таъмин карда, музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт шуда, аз ҳисоби пардохтҳои мазкур дар вилоят қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад.

Баробари ин, дар ин давра барои маблағгузории хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш 805,8 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 89,9 дарсади ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории амалӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-юм ба андозаи 34,0 дарсад ё ба маблағи 204,4 млн. сомонӣ зиёд гардид.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба соҳаи маориф 516,6 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,5 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 2,8 млн. сомонӣ кам мебошад. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 157,0 млн. сомонӣ ё 43,7 дарсад зиёд гардида, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 57,7 дарсад баробар мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми хароҷоти умумии буҷети вилоят барои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 224,6 млн. сомониро ташкил дод, ки ба 98,6 дарсади нақша баробар буда, нисбат ба нақша 3,3 млн. сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 65,7 млн. сомонӣ ё 41,3 дарсад зиёд мебошад. Ҳиссаи маблағгузории соҳаи мазкур дар маблағгузории амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба 25,0 дарсад баробар шуд.

Дар марҳалаи ҳисоботӣ маблағгузориҳо, бо назардошти сармоягузории асосии мутамаркази буҷети давлатӣ, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ 27,1 млн. сомонӣ ё 97,6 дарсади нақша, соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 5,4 млн. сомонӣ ё 99,1 дарсад, хоҷагии манзилию коммуналӣ 38,4 млн. сомонӣ ё 99,3 дарсад, фарҳанг ва варзиш 59,3 млн. сомонӣ ё 99,7 дарсад, кишоварзӣ 3,0 млн. сомонӣ ё 99,4 дарсад, саноат ва сохтмон 0,4 млн. сомонӣ ё 100 дарсад, нақлиёт ва коммуникатсия 1,7 млн. сомонӣ ё 100 дарсад ва хароҷоти ғайра 0,1 млн. сомонӣ ё 42,2 дарсади нақшаро ташкил дод.

Дар семоҳаи якуми соли 2025-ум аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки даромадашон хароҷоташонро намепўшонад, ба маблағи умумии 146,3 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид. 

Давоми марҳалаи ҳисоботӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадории мақомоти маҳаллии молия оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ 63,1 млн. сомонӣ ворид гардида, аз ин суратҳисобҳо 47,4 млн. сомонӣ хароҷот карда шуданд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рўйи тартиб ва меъёрҳои муқаррарӣ ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳиссаҷудокуниҳо ба маблағи умумии 2,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар 111 ташкилоту муассиса, аз ҷумла тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 17 ташкилот аудиту таҳлил гузаронда, ба маблағи умумии 2490,6 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 145,8 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1510,2 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 27,0 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурўш ва иҷораи амволи давлатӣ 5,5 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 679,6 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо 122,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ 884,3 ҳазор сомонӣ (35,5 дарсад) ба буҷет барқарор карда шуд.

Инчунин, зимни гузаронидани аудит камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 70,5 ҳазор сомонӣ ошкор гардида, 9,1 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд. Аз натиҷаи аудитҳои гузаронида 19 маводи аудит, ба маблағи умумии 2300,9 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

 

Хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати молияи 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд