Иштирокчиёни Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» аз Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" боздид намуданд.
Меҳмонон зимни шиносоӣ бо санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, гачкорӣ, коркарди бадеии чӯбу санг, кошинкорӣ, буриш ва ғайра, ки дар 5 толори намоишӣ ба таври васеъ истифода гардидааст, ба ҳунари волои ҳунармандону устоҳои чирадасти Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Қалъаи Хуҷанд аз маконҳое ба ҳисоб меравад, ки таърихи беш аз 3 ҳазорсола дорад ва ҳамасола барои дидани ин маҷмааи аз лиҳози меъморӣ беназир теъдоди зиёди сайёҳони хорҷӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф меоранд.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароит ба сайёҳон дар Қалъаи Хуҷанд ҳамзамон чойхона, меҳмонхона ва растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил гардида, бо эҳёи ҳавлиҳо анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба меҳмонон муаррифӣ карда мешавад.