Иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии “Наврӯзи ҷавонон”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, рӯзҳои 17-18 март аз шаҳри Панҷакент дидан намуданд.
Ҷавонони 26 кишвари ҷаҳон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингириро, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳр баргузор шуд, тамошо карда, аз бостоншаҳри Саразм дидан намуда, оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат карданд.
Дар барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ", ки бо ҳузури иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии “Наврӯзи ҷавонон” ҷараён гирифт, гуфта шуд, ки Наврӯз ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз оғоз як василаи ба ҳам омадани миллатҳо ва халқҳо, ваҳдату ҳамбастагии мардуми сайёра аст ва маҳз ба ҳамин хотир бо пешниҳоди давлатҳои ҳавзаи Наврӯз он ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил шуд ва ҳоло дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Баргузории ҳамоиши наврӯзии ҷавонони 26 кишвари ҷаҳон, ки ба забонҳои гуногун ҳарф мезананд, ба дину мазоҳиби гуногун эътиқод доранд, бори дигар собит менамояд, ки ба рағми ҳама гуногунрангии ақоиду афкор мо метавонем ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии осоишта, таҳкими сулҳу субот, ояндаи нек даст ба дасти ҳам бидиҳем, муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ба оянда бо назари нек бингарем ва қадам гузорем.
Ҷашни қадимаи Наврӯз, ки шаш ҳазор сол қабл мардуми ориёнажод ба он асос гузошта, имрӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, шодию нишот дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад, аз оғоз ҳамин маъниро таҷассум менамуд.