Рӯзҳои 25-27 марти соли 2025 бахшида ба Ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар амфитеатри Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад.
Мусобиқа бо иштироки 67 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Федератсияи Русия доир мегардад.
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ аз ҷониби ташкилкунандагон бо медалу диплом ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.