Ташрифи иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

Иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Фестивал бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.

Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё 15 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, то 21 март дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ идома меёбад.

Имрӯз, 18 март меҳмонон ба шаҳри Истаравшан омада, дар чорабиниҳои наврӯзӣ иштирок карда, аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри бостонӣ боздид намуданд.