Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода, аъзои комиссия, намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, масъулини сохторҳои вилоятӣ доир шуд.
Дар ҷаласа аз фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуда, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2025 таҳия ва тасдиқ гардид.
Зимнан аз тарафи маърӯзачиён зикр гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Дар ин раванд дар сатҳи ҷумҳурӣ қонун ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардидааст, ки ҷиҳати коҳиш ёфтани ин падидаи номатлуби ҷомеъа мусоидат менамояд.
Дар вилояти Суғд фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру навоҳӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, мунтазам мулоқоту вохӯриҳо гузаронида мешавад. Ин аст, ки давоми соли гузашта 164 чорабинии тарғиботӣ, семинару конфронсҳо баргузор гардида, тавассути ВАО барномаҳо дар ин самт таҳия ва пахш гардидааст.
Муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода зимни таҳлили вазъи кунунӣ дар шаҳру навоҳӣ ва сохторҳои вилоятӣ таъкид дошт, ки барои решакан намудани амалҳои коррупсионӣ бояд кор дар ин самт дар маҳалҳо боз ҳам ҷоннок карда шавад.
Дар фароварди ҷаласа масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани кор дар ин самт муваззаф гардида, нақшаи фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои соли 2025 аз тарафи аъзои комиссия тасдиқ гардид.