Маълумот оид ба натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар соли 2024

Мувофиқи маълумоти пешакии омори давлатӣ дар ҷамъбасти соли 2024 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят (НКРМ) ба 42433,3 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 дарсад баробар гардида, ҳиссаи он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,7 дарсадро ташкил додааст.

Рушди нишондиҳандаи зикршуда дар соли ҳисоботӣ асосан аз ҳисоби афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 20,1 дарсад, кишоварзӣ 13,0 дарсад, гардиши савдои чакана 8,5 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 9,8 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ 18,3 дарсад, баистифодадиҳии фондҳои асосӣ 1,9 баробар ғайра таъмин гардид.

Дар натиҷаи рушди воқеии иқтисодиёт, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар соли 2024 ба андозаи 104,9 дарсад таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 5711,2 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 265,8 млн. сомонӣ ва нисбати соли қаблӣ 779,3 млн. сомонӣ ё 15,8 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар ҷамъбасти соли ҳисоботӣ ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ўҳдадориашонро дар назди даромадҳои буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ пурраю барзиёд таъмин карданд.

Тибқи маълумоти мақомоти андози вилоят дар ҷамъбасти соли 2024-ум ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1290,6 млн. сомонӣ ё баробари 109,8 дарсади нақша маблағ ворид гардидааст, ки аз он андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 538,5 млн. сомонӣ ё ба қадри 115,3 дарсади нақша ва андози иҷтимоӣ аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 752,0 млн. сомонӣ ё 106,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра ҳаҷми воридоти амалӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба соли 2023-юм 20,4 дарсад ё ба маблағи 219,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 34,1 дарсад ё 136,9 млн. сомонӣ ва ғайрибуҷетӣ 12,3 дарсад ё 82,2 млн. сомонӣ афзудааст.

Дар соли ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқаррарӣ ва меъёри тасдиқшуда ба роҳ монда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи умумии 1543,6 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 1,4 дарсад ё 21,9 млн. сомонӣ кам ва дар қиёс бо соли қаблӣ 10,0 дарсад ё 140,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2024-ум ба андозаи 107,9 дарсад таъмин гардида, ба буҷетҳои маҳаллӣ 3430,8 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тарҳрезишуда 252,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2023-юм 558,8 млн. сомонӣ ё 19,5 дарсад зиёд мебошад.

Давоми моҳҳои январ-декабри соли 2024-ум ҷиҳати кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ дар вилоят як қатор тадбирҳо андешида, маблағи бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 2,2 млн. сомонӣ кам карда, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз (бе назардошти қарзи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилояти Суғд) дар ҳолати 1 январи соли 2025 дар вилоят ба 56,9 млн. сомонӣ баробар шуд. Маблағи бақияи умумии қарзи андозҳо бошад, бо назардошти қарзи корхонаҳои Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят, ба 83,7 млн. сомонӣ баробар аст ва ин рақам нисбат ба аввали соли ҳисоботӣ 1,2 млн. сомонӣ кам мебошад.

Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 21,3 млн. сомонӣ (25,4 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ 19,9 млн. сомонӣ (23,8 дарсад), андоз аз арзиши иловашуда 16,8 млн. сомонӣ (20,0 дарсад), андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 8,6 млн. сомонӣ (10,3 дарсад) ва ғайра ташкил медиҳад. 

Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба Нозироти андозсупорандагони калони вилояти Суғд 26,8 млн. сомонӣ (32,0 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо) ва ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 9,7 млн. сомонӣ (17,1 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо), Хуҷанд 7,6 млн. сомонӣ (13,3 дарсад), Истаравшан 7,6 млн. сомонӣ (13,3 дарсад), Панҷакент 5,2 млн. сомонӣ (9,2 дарсад), Исфара 4,6 млн. сомонӣ (8,1 дарсад), Мастчоҳ 4,4 млн. сомонӣ (7,8 дарсад) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.

Маблағгузории қисми хароҷоти буҷети вилоят дар соли ҳисоботӣ тибқи тартиби муқарраршуда ва дар доираи даромади амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба роҳ монда, ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, дар маҷмўъ, 3463,2 млн. сомонӣ равона гардид, ки 98,8 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 42,0 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии соли қаблӣ 645,1 млн. сомонӣ ё 22,9 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамзамон, маблағгузории хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии муассисаҳои буҷетӣ сари вақт таъмин карда, музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт шуда, аз ҳисоби пардохтҳои мазкур дар вилоят қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад.

Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш дода, барои маблағгузории соҳаҳои зикршуда дар ин марҳала 2946,0 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 85,1 дарсади ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024-ум нисбат ба соли 2023-юм ба андозаи ба маблағи 624,1 млн. сомонӣ ё дар ҳаҷми 26,9 дарсад зиёд гардида, ҳиссаи он дар хароҷоти умумӣ 2,7 банди фоизӣ афзудааст.

Аз ҷумла, дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба соҳаи маориф 1757,5 млн. сомонӣ равона гардид, ки 98,6 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 25,3 млн. сомонӣ кам мебошад. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба соли қаблӣ 387,9 млн. сомонӣ ё 28,3 дарсад зиёд гардида, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 50,7 дарсад баробар мебошад.

Ҳаҷми хароҷоти буҷети вилоят барои соҳаи тандурустӣ 844,7 млн. сомониро ташкил дод, ки ба 99,5 дарсади нақша баробар буда, нисбат ба нақша 4,1 млн. сомонӣ кам ва нисбат соли қаблӣ 174,7 млн. сомонӣ ё 26,1 дарсад зиёд мебошад. Ҳиссаи маблағгузории соҳаи мазкур дар маблағгузории амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба 24,4 дарсад расонида шуд.

Дар соли ҳисоботӣ маблағгузориҳо, бо назардошти сармоягузории асосии мутамаркази буҷети давлатӣ, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ 109,2 млн. сомонӣ ё 98,4 дарсади нақша, соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 24,3 млн. сомонӣ ё 94,7 дарсад, хоҷагии манзилию коммуналӣ 172,6 млн. сомонӣ ё 99,1 дарсад, фарҳанг ва варзиш 319,5 млн. сомонӣ ё 99,4 дарсад, кишоварзӣ 32,8 млн. сомонӣ ё 96,0 дарсад, саноат ва сохтмон 6,7 млн. сомонӣ ё 100,0 дарсад, нақлиёт ва коммуникатсия 78,9 млн. сомонӣ ё 100,0 дарсад ва хароҷоти ғайра 7,4 млн. сомонӣ ё 70,1 дарсади нақшаро ташкил дод.

Дар соли 2024-ум аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 469,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 87,5 млн. сомонӣ, Деваштич 98,6 млн. сомонӣ, Зафаробод 31,7 млн. сомонӣ, Истиқлол 5,2 млн. сомонӣ, Исфара 64,1 млн. сомонӣ, Конибодом 42,6 млн. сомонӣ, Кўҳистони Мастчоҳ 29,1 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 12,8 млн. сомонӣ, Спитамен 21,4 млн. сомонӣ, Ҷаббор Расулов 42,4 млн. сомонӣ ва Шаҳристон 33,8 млн. сомонӣ субвенсия, инчунин ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба маблағи 5,6 млн. сомонӣ дотатсия ҷудо гардид, ки маҷмўан ин маблағҳо 17,4 дарсади хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад.

Давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадории мақомоти маҳаллии молия оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ 258,6 млн. сомонӣ ворид гардида, аз ин суратҳисобҳо 244,3 млн. сомонӣ хароҷот карда шуданд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рўйи тартиб ва меъёрҳои муқаррарӣ ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳиссаҷудокуниҳо ба маблағи умумии 11,8 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Дар соли ҳисоботӣ ба буҷети вилоят аз буҷети ҷумҳуриявӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ 130,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои зиёдашавии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 130,3 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардида, 127,8 млн. сомонӣ мувофиқи мақсад ба харҷ дода шуд ва то ҷамъбастӣ соли молиявӣ маблағи 2,0 млн. сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида шуд. Ҳамзамон, аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, барои тадбирҳои гуногуни соҳаҳои буҷетӣ, бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ 13,8 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуданд.

Дар ҷамъбасти соли 2024-ум аз ҳисоби маблағи иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллии вилояти Суғд ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 63,3 млн. сомонӣ ва суратҳисоби захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 9,1 млн. сомонӣ, ҷамъ 72,4 млн. сомонӣ гузаронида шуд.

Давоми соли ҳисоботӣ аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар 343 ташкилоту муассиса, аз ҷумла тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 24 ташкилот, аудит гузаронда, ба маблағи умумии 2519,0 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 770,5 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1036,9 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурўш ва иҷораи амволи давлатӣ 73,5 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 181,6 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 4,5 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо 452,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти гузаронидани аудиту таҳлилҳо аз маблағи умумии зарари молиявӣ ба буҷети давлатӣ 1987,5 ҳазор сомонӣ (79,0 дарсад) барқарор карда шуд.

Ғайр аз ин, зимни гузаронидани аудит камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 2480,4 ҳазор сомонӣ ошкор ва аз ҳисоб 2442,2 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Ҳамзамон, 30 маводи аудит, ба маблағи умумии 1339,7 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.

 

Хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати молияи 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд