Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд таҳти унвони "Пешвои миллат-кафили саодат ва ифтихори мо ҷавонон" баргузор гардида истодааст.
Рӯзи 10 ноябр гурӯҳи шастнафараи ҷавонон аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ташриф овард. Меҳмононро дар шаҳри Истаравшан масъулин истиқбол гирифтанд ва иштирокчиёни ҳамоиш аз Қасри фарҳанг, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Қалъаи муғ ва дигар иншоотҳои ҳудуди шаҳри Истаравшан боздид карданд.
Ҳайати гурӯҳ сипас ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" боздид намуда, шомгоҳ дар шаҳр сайр намуданд.
Имрӯз, 11 ноябр меҳмонон аз Қасри Арбоб боздид карда, дар ҳамоиши ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд таҳти унвони "Пешвои миллат-кафили саодат ва ифтихори мо ҷавонон" иштирок менамоянд ва бо иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳо анҷом хоҳанд дод.