Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 13 ноябри соли 2024 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор мегардад.
Мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар назар аст, ки дар он беш аз 100 нафар варзишгар аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон иштирок намоянд.
Маросими ҷамъбастии мусобиқа 13 ноябр, соати 14-00 баргузор хоҳад шуд.