“Омӯзгор - машъалафрӯзи хирад”

Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. 

Имрўз дар назди кормандони соҳаи маориф вазифаи муҳиму бомасъулият - беҳтару сифатнок ба роҳ мондан, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаoҳи таҳсил қарор дорад. Вақте ки сол ба сол тамоми шароити зарурӣ барои таълим муҳайё гардида истодааст, дар ин раванд бояд масъулияти кормандони соҳаи маориф боз ҳам баланд гардад.

Бо мақсади қадрдонӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии устодону омӯзгорон 4 октябр дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд чорабинии калони идона бахшида ба Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Омӯзгор - машъалафрӯзи хирад”, баргузор гардид. 

Дар ин чорабинӣ собиқадорони соҳа, устодону омӯзгорон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд. 

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. 

Дар чорабинӣ ба зиёда аз 40 нафар омӯзӯзгорони собиқадор туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд тақдим гардид.

Инчунин ба зиёда аз 140 нафар омӯзгорон ва фаъолон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ифтихорнома ва Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилояти Суғд, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд супорида шуд.