Ҷаласаи машваратии ҳайатҳои котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

3 октябр дар шаҳри Хуҷанд дуюмин машварати дуҷонибаи котиботи Шурои амнияти Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.

Зимни машварат доир ба хатарҳои ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир таҳдидкунанда табодули афкор доир шуд.

Ҳамзамон дар нишаст маълумот дар бораи татбиқи Протоколи аввалини машваратҳои дуҷониба низ ба назар гирифта шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ котибони шуроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон Насрулло Маҳмудзода ва Виктор Маҳмудов протокол ба имзо расониданд.