Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад. 

Сокинони ноҳия бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. 

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар идомаи бунёдкориҳо роҳи байни деҳаҳои Ободӣ ва Сӯғдиён ба масофаи 3 км мумфарш карда мешавад. 

Корҳои мумфаршкунӣ бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ Ҷӯраев Анорқул, Мӯминов Ином ва Мирзоев Донаёр амалӣ гардида, сокинон ба корҳои роҳсозӣ ёрии худро амалии худро расонида истодаанд. 

Ёдовар мешавем, ки саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал назаррас аст ва дар оянда низ чунин корҳо анҷом дода хоҳад шуд.