Сокинони маҳаллаи "Дӯстии халқҳо" -и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, чоҳи амудии воқеъ дар маҳаллаи “Дӯстии Халқҳо”, ки солҳои дароз аз кор бозмонда буд, дубора барқарор гардид.
Дар натиҷа зиёда аз 200 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 80 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.