Ҷаласаи дуюми гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ

22 июли соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи дуюми гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони гуруҳҳои кори доимоамлкунанда ва намояндагони ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштрок намуданд.

Дар кори ҷаласа татбиқи иҷроиши Нақшаи амалӣ гуруҳи корӣ иборат аз 33 банд дар самтҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти маҳаллу растаҳо, ки аз ҷониби роҳбари гуруҳи корӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ тасдиқ гардидааст мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Аз ҷониби роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, тақвият бахшидани корҳо дар маҳал, рушди инфрасохтор ва бо талаботи санитарию эпидемиологӣ мутобиқ намудани онҳо, рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, заргарӣ, инчунин касбу ҳунаромузии шаҳрвандон, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ, анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва як қатор масъалаҳои мубрам супоришҳои мушаххас дода шуд.