Мусобиқаи тирпаронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба тирпаронӣ баргузор гардид.

Мусобиқа дар толори варзишии "Тир" доир гардида, дар он зиёда аз 60 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаëти солим, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, рушди намуди варзиши тирпаронӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш мебошад.

Дар охир ғолибону ҷоизадорон бо диплому медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.