Аз хизматҳои устод Садриддин Айнӣ ёдоварӣ шуд

Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Айнӣ чорабинии идона доир гардид. 

Нахуст аз ҷониби роҳбарияти ноҳия дар назди муҷассамаи устод Айнӣ дастагули муаттар гузошта шуд. 

Дар чорабинӣ қайд гардид, ки хидмати ҷоннисорона ва миллатдӯстонае, ки устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштан ва ривоҷи забону адабиёт, таърихи фарҳангамон ва умуман тарбияи таърихнигорон, рӯзноманигорон, шоирону нависандагон ва арбобони давлати ҷавони тоҷик кардааст, қобили ҳама гуна қадршиносӣ аст.

Маҳз ғурури миллӣ, кӯшиш барои бақои Ватан ва нигоҳ доштани фарҳанг ба Садриддин Айнӣ имкон дод, ки очерки пурмуҳтавои “Темурмалик”-ро нависад. Ба азобу шиканҷа нигоҳ накарда, устод Айнӣ таърихи адабиёти моро эҷод кард. Вай собит намуд, ки халқи тоҷик на танҳо вуҷуд дорад, балки дорои тамаддуни бостонӣ ҳам мебошад.

Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуда, ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкил додани давлатдории миллии худ ба миён гузошт. 

Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шойиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд. Бо дарназардошти ҳамаи хизматҳои бузург бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ Унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шудааст.