Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккони шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишударо иҷро намуданд.
Дар ҳамаи ҷамоатҳои зикршуда бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими гусели наваскарон ба хизмати Модар-Ватан баргузор гардид.
Дар маркази шаҳр низ ба муносибати гусели даъватшавандагон чорабинии бошукӯҳ доир шуда, волидони даъватшавандагон, роҳбарияти шаҳр ва собиқадорони меҳнат ҷавононро ба хизмати Модар-Ватан гусел намуданд.
Ба ҷавонон гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ буда, роҳбарияти мамлакат барои адои хизмати ҳарбӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам овардааст.
Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат кардан дар сафҳои Артиши миллии кишварро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маъракаи даъват ба як чорабинии завқбахш, хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омадани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ҳаматарафа омодаанд.
Мавриди зикр аст, ки алҳол дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷўҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохторҳои низомии кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.