11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад

11 марти соли 2024 дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот гузаронидани маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти журналистони собиқадор бо донишҷӯён, дидорбинии журналистони собиқадор, озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, мусобиқаи анъанавии шоҳмоту шашка байни кормандони рӯзномаву маҷалла ва ВАО, мулоқоти собиқадорони матбуот бо аъзои маҳфили “Мухбирони ҷавон” ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.