Раёсати вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 23‐юми феврали соли 2024, №46 «Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик» барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки имсол ҳам озмуни вилоятӣ барои дарёфти Ҷоизаи журналистони беҳтарин дар ду номинатсия – матбуоту VEW‐журналистика ва телевизиону радио дар алоҳидагӣ баргузор мешавад.
Ба озмун кормандони васоити ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, телевизион ва радио, новобаста аз шакли моликияташ, нафароне, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш даҳ сол ба аъзогӣ шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд.
Ба озмун маводи муаллиф (муаллифон), ки дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ ва ё силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба, ки дар матбуоти даврии қаламрави вилоят дар соли 2023‐юм чоп шудаанд, ҳамчунин, барномаҳои таҳлилӣ ё мусоҳибаю суҳбатҳои ихтисосиро, ки бо фарогирии масоили доғи ҷомеа омода, дар телевизион ва радиои вилоят (телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ ҳам қабул аст) пахш ва намоиш дода шуда бошанд, манзур кардан мумкин аст.
Маводи журналистон, ки дар озмуни вилоятии рӯзноманигорон таҳти унвони «Хомаи созанда – 2023» пешниҳод шуда буд, ҳарчанд ғолиб дониста нашудааст, барои баррасӣ қабул карда намешавад.
Барои иштирок дар озмуни вилоятии журналистон даъвогар (даъвогарон) бояд ба созмони аввалияи журналистӣ бо ариза муроҷиат намояд. Дар назар аст, ки даъвогар (даъвогарон) барои солҳои 2020‐2023 ҳаққи узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро супурда бошад. Котибони созмонҳои ибтидоӣ баъди баррасии масъала дар маҷлиси созмони аввалияи рўзноманигорон қарори дахлдор қабул карда, бо мактуби расмӣ ба Раёсати созмони вилоятиии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.
Дар ин замина, ҳамчунин, камаш 10 маводи беҳтарин ‐ очерк ва публитсистика ва ё жанрҳои бадеӣ ва ё силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба (нусхаи аслии дар нашрия чопшуда), барномаҳои таҳлилӣ ё мусоҳибаю суҳбатхои таҳлилӣ (дар диск ва рӯйхати шарҳи мухтасари муҳтавои барнома ва ё мусоҳиба дар шакли чоп), ҳамчунин, ариза ва шарҳи ҳоли мухтасари даъвогар, хислатнома, ки аз ҷониби роҳбари нашрия тасдиқ шудааст, бояд то санаи 4‐уми марти соли 2024, соати 17.00 ба Раёсати созмони вилоятии Иттифоrи журналистони Тоҷикистон бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, утоқи 307, ба котиби масъули созмони вилоятии журналистон, бо ишораи "Ба озмуни вилоятии журна листон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ" пешниҳод карда шаванд. Аризае, ки баъди ин муҳлат ворид мегардад, қабул ва баррасӣ карда намешавад.
Ҷоизаҳои журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (дар ду номинатсия) дар рўзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолибони озмун супурда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои (92) 909‐98‐98, (92)‐777‐63‐ 29, (92)‐778‐16‐85, 4‐68‐05 тамос гирифтан мумкин аст.
Раёсати созмони вилоятии
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон