Кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Гулистон ба пахтакорон ёрӣ расониданд

Дар шаҳру навоҳии кишвар ҷамъоварии ҳосили пахта ҷараён дорад. Деҳқонон дар ин сол меҳнати самаранок намудаанд ва самараи дастранҷи онҳо ҷамъоварӣ карда мешавад.

Рӯзҳои 30-юми сентябр ва 1-уми октябр дар рӯзҳои истироҳатӣ барои ёрӣ расонидан кишоварзон кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, ба кишоварзон дар ҷамъоварии ҳосил кумак намуданд.
Дар ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 500 нафар чинакчиён аз шаҳри саноатии Гулистон саҳми худро гузоштанд.

Қайд карда шуд, ки шаҳри саноатии Гулистон ҳамеша омода аст, ки дар ҳосилғундории пахта бо деҳқонон ёрӣ расонад ва барои ғанӣ гардонидани хирмани "тиллои сафед" ҳиссагузор бошад.