Ситоди вилоятии «Ҳосил-2023» таъсис дода шуд

Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситоди вилоятии «Ҳосил-2023» таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.

Тибқи ин қарор барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шуда, ҳар 20 рӯз ғолибон муайян карда мешаванд. Даври аввали мусобиқа 1 октябр ҷамъбаст шуда, ба шарафи ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ парчами шараф барафрохта хоҳад шуд.

Ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои пулӣ супорида мешавад.