Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан шинос шуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан шинос шуданд.

Намоишгоҳи сокинон, ҳунармандони шаҳри Истаравшан дар ду растаи алоҳида ва 20 хайма ташкил ёфта, дар он тарзи омода сохтани нону таомҳои миллӣ, тайёр кардани шириниҳо ва ҳамзамон ҳунарҳои қадимӣ, ашёи рӯзгор, гӯлдӯзию зардӯзӣ ва дигар номгӯи ҳунарҳо нишон дода шуд.

Дар шаҳри Истаравшан 160 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд, ки алҳол аз рӯи 105 касбу ҳунари мардумӣ маҳсулот омода мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо бардоштани лавҳаи рамзӣ ва пардабардорӣ аз муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд.

Ин макони истироҳату фароғат дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити лозима барои сайру гашт ва истироҳати сокинон, машғулиятҳо ба кӯдакону наврасон дар масоҳати 2,4 гектар замин ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шуда, ба маркази шаҳри Истаравшан зебоии дигар бахшид.

Корҳои сохтмонӣ соли 2023 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оғоз ёфта, аз ҷониби бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии клуби «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми 2 сол сохта шуда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Ташрифи 2593 сайёҳи хориҷӣ ба шаҳри Гулистон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси фаъолон зикр гардид, ки дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷонӣ 2593 меҳмонони хориҷӣ ва 24524 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 27117 нафар истироҳат намуданд.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 32,7  миллион сомониро ташкил медиҳад.