
Шуруъ аз имрӯз, яъне 23-юми апрели соли равон Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” расман дари худро барои сокинону сайёҳон боз намуд.
Дар ин бора омири кулли Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов иттилоъ дод.
Шаҳрвандон метавонанд аз Қалъаи Хуҷанд боздид кардаву истироҳат намоянд.Тибқи иттилои манбаъ хизматрасонӣ дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба тариқи зайл муайян шудааст:
-барои шаҳрвандони хориҷӣ 100 сомонӣ (сад сомонӣ);
-барои шаҳрвандони аз 16 сола боло 30 сомонӣ (сӣ сомонӣ);
-барои то 16 солаҳо 10 сомонӣ (даҳ сомонӣ) ва барои кӯдакони томактабӣ ройгон.



11 апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Қалъаи Хуҷанд”-ро баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

