Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент шакли сайёри намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 15 сентябр идома менамояд. Кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Панҷакент имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.
Дар ифтитоҳи намоиш Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ, сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Саразм ва Панҷакенти Қадим Норинисо Худоёрова, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таьрихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ Мақсудҷон Мирзобзода, директори Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд Умарҷон Саидов, кормандони дастгоҳи марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.



Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Суғдиён" шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳамоиши «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» доир гардид.
Ӯзбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое шомил мешавад, ки сайёҳонаш бештар ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Ин нукта зимни Форуми саёҳативу тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз шуд, баён гардид.
