Бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мешавад

Рӯзҳои 8 ва 9 сентябр бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Панҷакент, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шаҳристон чорабиниҳои идона доир гардида, бошандагони мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок карда, паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мерасонанд.

Аз ҷониби сарпарастон барои бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дастархони идона ороста хоҳад шуд.