Суғд. 52 иншооти соҳаи маориф бо 7975 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт

Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 52 иншооти соҳаи маориф бо 7975 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз ҷумла дар назди 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 233 синфхонаи иловагӣ бо 6595 ҷойи нишаст ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст, инчунин 5 толори варзишӣ, 6 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуда, шароити таълиму тарбия беҳтар гардонда шуд.

Бояд таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад. 

Дар Шаҳристон маркази саломатӣ ба истифода дода шуд

Дар рӯзҳои таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Себзори ноҳияи Шаҳристон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд

Бинои Маркази саломатии деҳаи Себзор аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 ҳуҷра аст. Он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, саҳмгузории сокинону саховатмандони деҳа ба маблағи 1 млн. 350 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. 

Бояд қайд намуд, ки бинои Маркази саломатӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шудааст.

Панҷакент. Синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд

Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 89-и деҳаи Оби борик ва № 28-и деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент соли нави таҳсилро дар синфхонаҳои нави барҳаво истиқбол мегиранд.

Дар назди муассисаҳои таълимии зикршуда бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ташаббусу саҳмгузории волидон ва омӯзгорон барои хонандагони зинаи аввал 4 ададӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар синфхонаҳои нави таълимӣ хонандагоне, ки имсол ба синфи як мераванд, барои мутобиқшавӣ ба  дарс ба машғулиятҳо ҷалб карда шудаанд.