Панҷакент. Синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд

Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 89-и деҳаи Оби борик ва № 28-и деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент соли нави таҳсилро дар синфхонаҳои нави барҳаво истиқбол мегиранд.

Дар назди муассисаҳои таълимии зикршуда бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ташаббусу саҳмгузории волидон ва омӯзгорон барои хонандагони зинаи аввал 4 ададӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар синфхонаҳои нави таълимӣ хонандагоне, ки имсол ба синфи як мераванд, барои мутобиқшавӣ ба  дарс ба машғулиятҳо ҷалб карда шудаанд.

Дар Истаравшан дар соли нави таҳсил синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад

Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷумла, дар амалисозии бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ назаррас мебошад.

Махсусан, ба таври ҳашари умумӣ ва дастгирии молиявии саховатмандону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд намудани иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ин самт бунёду азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф иҷрои корҳо назаррас мебошанд.

Экологҳои ҷавон бо Маркази гидрометеорологии вилояти Суғд шинос шуданд

Намояндагони гурӯҳи ҷавонони ташаббускори «Нозирҳои сабз» аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Бохтар, Рашт ва 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд аз 2 то 9 август бо фаъолияти Маркази гидрометеорологии вилояти Суғд шинос шуданд. Дар ин хусус аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят хабар доданд.

Роҳбарияти марказ экологҳои ҷавонро бо фаъолияти муассиса ва таҷҳизоти истифодашаванда шинос намуд. «Нозирони сабз» бо раванди кори истгоҳ, системаи пешгӯии обу ҳаво, инчунин усулҳои истифодаи таҷҳизоти навтарин, ки намӣ ва ҳарорати ҳавои атмосфера, самт, суръати шамол, таҷҳизоти ченкунии сатҳ ва ҳаҷми обро дар чашмаҳои кушод дақиқ чен мекунанд, шинос шуданд.

Гурӯҳи ҷавонони ташаббускор ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон рафта, на танҳо бо фаъолияти институт, балки бо озмоишгоҳҳо оид ба химияи муҳити зист, мониторинги атмосфера ва гидросфера, инчунин лабораторияи таҳлили об шинос шуд. Инчунин иштирокдорон утоқи минералогиро, ки дар он намунаи маъданҳою сангҳо аз тамоми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мавҷуд мебошад, тамошо намуданд.