Миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар дода, афзуданд, ки ҷонибҳо дар асоси созишномаи ҳамкорӣ рушди робитаҳои илмӣ-инноватсионӣ, фарҳангӣ, инчунин таъмини табодули таҷрибаро миёни кормандону донишҷӯён ба роҳ монда, дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак иқдом менамоянд.

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд бо масъулини соҳаи савдо мулоқот доир шуд  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паёми навбатиашон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо мулоқот баргузор гардид.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Таҳмина Усмонова оид ба қарорҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят «Дар бораи манъ намудани фурӯши маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда, хӯришҳои консервашудаи дар шароити хона тайёршуда, истеҳсол ва фурӯши яхмос ва нӯшокиҳои ташнагишикан дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ», ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулоти хӯроквории зикршуда ба тасвиб расидаанд, иттилоъ дод.

Дастаи хорсароёни ноҳияи Ашт ғолиби озмуни вилоятии "Хорсароёни беҳтарин" гардид

Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов даври вилоятии озмуни "Хорсароёни беҳтарин" ташкил ва баргузор гардид.

Тибқи иттилои директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов  озмуни вилоятии "Хорсароёни беҳтарин" дар асоси фармоиши раёсати маорифи вилоят аз рӯи асари композитор Абдураҳмон Тошматов гузаронида шуд. Ҳадаф аз ташкили озмун дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти фаъолияти маҳфилҳои бадеӣ, рушди жанри хорсароӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ буда, озмун давоми моҳи март - апрел дар се давр - шаҳрӣ - ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ ҷараён гирифта, ба озмуни мазкур беш аз ду ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шуданд.