Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Маркази дандонпизишкии хусусии «Зеби инсон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Марказ аз ҷониби дандонпизишк Искандар Зикриёев бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои нав бо тарҳи муосир сохта шуда, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи дандонсозӣ, муолиҷавӣ, ҷарроҳӣ, аксбардории дандон ва ғайра иборат буда, барои беморон шароити муосири табобати дандон фароҳам оварда шудааст.

Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ ва бо сифат сохтани дандон 8 таҷҳизоти нав харидорӣ гардидааст.

Шиносоӣ бо ҷараёни навсозии варзишгоҳи деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти Исфисор бо ҷараёни таҷдиду навсозии варзишгоҳ аз наздик шинос гардид.

Чуноне маълумот дода шуд, варзишгоҳи мазкур дар қарни 20 сохта шуда, давоми чанд соли охир фаъолияти босамар надошт. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгоҳ навсозӣ шуда, барои машқу тамрини варзишгарон ва гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Тибқи лоиҳа варзишгоҳ дорои 6500 ҷойи нишаст аст ва ҳамзамон иншооти ёрирасон, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ ва либосивазкунӣ сохта мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Ба ис­тиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷу­мҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сохтмону барқарорсозии иншооти гуногун идома дорад. 

Бинои таъл­имӣ барои курсантони факултаи чоруми Ака­демияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд яке аз чунин иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад 

Ин­шоот аз шаш ошёна иб­орат аст ва дорои 17 синфхона, ошхонаву хобгоҳ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. 

Бо мавриди истифода қарор гирифт­ани бино ба­рои таълиму тарбияи курсантон шароити му­соид фароҳам оварда хоҳад шуд.