Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ вусъат меёбад.

Дар ин раванд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи Ҳайдар Усмонови маҳаллаи Сирдарё ва кӯчаи Гагарин оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброх дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дошта, сокинони меҳнатқарин барои ободу зебо намудани кӯчаву маҳаллаҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ барои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Оғози мумфаршкунии роҳи стансияи Нов-Саидқурғон-Оқтеппа дар ноҳияи Спитамен

2 август бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба мумфаршкунии роҳи стансияи Нов-Саидқурғон-Оқтеппа оғоз бахшида шуд.

Дарозии роҳи мазкур 3,7 км буда, 2,5 километри он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 1,2 километри он бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфарш карда мешавад. Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Ваҳдат-2018» мебошад.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода мешавад. Дар доираи бунёдкориҳо ба мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, дар иҷрои ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст низ назаррас аст.

Истаравшан. Шуъбаи бемориҳои сироятии шаҳр аз таъмир бароварда шуд

Бинои шуъбаи сироятии шаҳри Истаравшан бо ташаббуси роҳбарияти Беморхонаи марказӣ ва дастгирии шарикони рушд, махсусан ташкилоти ЮНИСЕФ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои фаъолият омода гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша- чорабиниҳо иборат аз 40 банд таҳия ва тасдиқ гардида, то имрӯз 30 банди он мавриди иҷро ва баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.