Дар китобхонаи ДДХ толорҳои нав таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ташкил шуд  

Азназаргузаронӣ: 501

 

Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ду толори нав гардид. Чуноне аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, толорҳои нав таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ифтитоҳ ёфта, ҳадаф аз ин ибтикор тавсеаи самти хизматрасонии китобхона ва таъмини шароити арзанда барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ  Усмонзода Аюб  Ислом зимни суханронӣ дар бораи зарурияти ин ташаббус сухан намуда, таъкид намуд, ки толорҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, фароҳам овардани имконияти мусоид барои донишомӯзии донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ ба роҳ монда шудааст.

Гуфта шуд, ки толорҳои нав имкон медиҳанд, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” иштирок мекунанд, дар шароити арзанда ва таъмин бо адабиёти зарурӣ тайёрии пухта дида, нуфузи донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳур баланд бардоранд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз ташаббуси мазкур хуш истиқбол намуда, ин иқдомро ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги мутолиа дар ҷомеа ва муҳаббат ба китоб  судманд унвон намуданд.

Феълан дар фонди Китобхонаи илмии донишгоҳ 249544 адад китоб мавҷуд буда, аз ин шумора 83548 адабиёти илмӣ, 125082 адабиёти таълимӣ, 8626 адад адабиёти оммавӣ-сиёсӣ ва 32288 ададро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин 385 рисолаи илмии устодони донишгоҳ ва 1824 фишурдаи рисолаи илмӣ нигаҳдорӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд