Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бунёду азнавсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз наздик 50 дарсади иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, сокинон барои таҷлили шоистаи ҷашни миллӣ меҳнат мекунанд.
Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ бинои маъмурӣ, анбор ва нуқтаи шустушӯи нақлиёти ҶДММ «Контанк Интернешнл» аст, ки зимни сафар ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони он шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи ҷамъияти мазкур дар шаҳри Исфара як қатор иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешавад. Дар ин раванд дар майдони наздик 2 гектар сохтмони истгоҳи нақлиёти ширкати "Ориён" ҷараён дорад.
Мувофиқи нақша дар ин майдон сохтмони мошинсарой бо ғунҷоиши наздик 100 адад нақлиёт, нуқтаи таъмир ва шустушӯи автомобилҳо, сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, хобгоҳ, бинои маъмурӣ бо 15 утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба роҳ монда шуда, саҳни он сабзу хуррам гардонида мешавад.
Айни замон дар ин иншоот беш аз 50 нафар бинокорон ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, корҳои таькурсии бино ва битонрезӣ босуръат ҷараён дорад. Корҳои сохтмонӣ соли ҷорӣ оғоз гардида, дар назар аст, ки соли равон ба охир расонида шавад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш то 120 нафар сокинони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд.
Раиси вилоят бунёди чунин иншооти муҳими ҷашниро аз тарафи соҳибкорони муваффақу меҳанпараст дар шаҳри Исфара саривақтӣ арзёбӣ карда, ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият дар онҳо, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ маслиҳат ва супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд