Тоҷикдухтар соҳиби Шоҳҷоизаи олимпиадаи байналмиллалии "TEENEAGLE"- и Лондон гардид

Азназаргузаронӣ: 678

Дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки рӯзҳои 31 июл то 7 августи соли 2022 дар шаҳри Лондони кишвари Бритониёи Кабир баргузор гардида истодааст, 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон бо ҳамроҳии як гуруҳ омӯзгори фанни забони англисӣ сафарбар гардида буданд.

Аз вилояти Суғд 30 нафар хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят,  аз ҷумла 11 нафар хонандагони "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи бонуфуз шоиста муаррифӣ намуданд.

Тибқи иттилоъи директори "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода санаи 5 августи соли 2022, дар Донишгоҳи "Оксфорд"-и шаҳри Лондон маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаи байналмиллалии "Teeneagle" аз фанни забони англисӣ баргузор гардид.

Дар натиҷаи ҷамъбасти олимпиада  аз рӯи 4 бахш миёни хонандагони синфҳои болоӣ Фирӯза Абдуллоева - хонандаи синфи 10 - и "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд қаҳрамони олимпиада ва соҳиби Ҷому Шоҳҷоизаи олимпиадаи мазкур гардид.

Ҳамин тариқ намояндагони Тоҷикистон бо дастоварди беназир ва таърихии Фирӯза Абдуллоева  дар олимпиадаи мазкур мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми саввумро ишғол намуданд.

Олимпидаи байналмилалии "Teeneagle" дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам иштирок намуданд.

Хонандагони мактабҳои вилоят, аз ҷумла муассисаҳои таълимии Хуҷанд,  Истаравшан, Зафаробод,  Бӯстон дар бахшҳои гуногун дар маҷмӯъ 13 медал ба даст оварданд. Ҷому Шоҳҷоизаи озмун насиби Фирӯза Абдуллоева, хонандаи синфи 10- Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд шуд, ки дастоварди беназири хонандагони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд