Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мегардад

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Боғи нави фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мегардад.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи боғ таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани муҳити мутобиқ ба талаботи муосир барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон, лоиҳа бояд бознигарӣ шуда, бо назардошти ҷанбаҳои экологӣ ва инфрасохтори муосир такмил дода шавад.

Боғи мазкур дар масоҳати 2,4 гектар дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳри Хуҷанд бунёд хоҳад шуд. Тибқи иттилои масъулин 50 дарсади масоҳати боғ кабудизор буда, дар қисми боқимонда инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳравҳо, майдончаҳои варзишиву бозӣ, ҷойҳои нишаст ва чароғонкунии муосир бунёд хоҳад гашт.

Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад. 

Корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Мирзоюнус Ҳасанови ҷамоаи бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сайматов Ойбек ва дигар шахсони саховатпешаю сокинони деҳа баҳри сазовор пешвоз гирифтани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. 

Дарозии роҳи мумфаршшаванда зиёда аз 600 метр ва паҳноии он 5 метр мебошад, ки масоҳати он 3000 метри квадратиро ташкил медиҳад. 

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Истаравшан

Ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ бо суръат идома доранд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар ин шаҳр бунёд, таъмир ва навсозии 990 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз 664 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

14 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ иштирок намуда, онҳоро расман мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла, маркази хизматрасонии “Ром ойл”, ки бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Муҳаммадҷон Қобилов сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Дар ин марказ хизматрасонии таъмиру шустани нақлиёт ба роҳ монда шуда, ҳамзамон маҳсулоти ватанӣ низ ба фурӯш гузошта мешавад.