Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ ба кишти пахта оғоз бахшид.
Нахуст роҳбари вилоят дар хоҷагии деҳқонии ба номи "Ҷумъа Одина"-и Ҷамоати деҳоти Палдорак бо кишоварзону пахтакорон бо умеди фаровонҳосилӣ чигитро ба замин пошида, ҷиҳати рӯёнидани ҳосили хуб ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 10 гектар замини корам буда, саҳмдорон азм доранд соли равон дар майдони 7 гектар пахта кишт намоянд. Соли 2023 пахтакорони хоҷагӣ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, гузаронидани саривақтии коркард ва обу ғизодиҳӣ тавонистанд ба натиҷаи баланд дастёб гарданд ва аз ҳар гектар то 50 сентнерӣ ҳосил гиранд, ки ин аз ҳисоби миёнаи ноҳия хело баланд мебошад.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти Палдорак 3600 гектар замини корам мавҷуд буда, соли равон мувофиқи нақша бояд дар 2120 гектар кишти пунбадона гузаронида шавад.
Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии "Оли Сомон" низ ба кишти пахта оғоз бахшид. Ин хоҷагӣ аз зумраи хоҷагиҳои пешқадам ба ҳисоб рафта, соли равон аз 11 гектар замини он дар 9 гектараш пахта кишт хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ муҳлати оптималии кишти пахта то 25-уми апрел ба ҳисоб рафта, кишти саривақтӣ ва риоияи қоидаҳои агротехникӣ боиси рӯёнидани ҳосили дилхоҳ мегардад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо кишоварзону пахтакорон таъкид дошт, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуда, лоиҳа ва барномаҳои соҳавӣ қабул ва барои хоҷагидорон имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Кишоварзонро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳо барои ба даст овардани ҳосил дучанд меҳнат намоянд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 6500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, самти асосии 3800 адади он ба кишту парвариши пахта нигаронида шудааст.
Соли равон кишоварзони ноҳия азм доранд дар майдони 12440 гектар кишти пунбадона гузаронида, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то ба 25-30 сентнерӣ расонанад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд