Ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

Дар се моҳи соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109,3 фоиз таъмин гардид. 

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 431,2 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 22,2 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 4,6 ҳазор тонна, моҳӣ 358,6 тонна, шир 81,4 ҳазор тонна, тухм 212,9 млн. дона ва пашм 217,7 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 106,4 фоиз, гӯшти чорвою паранда 117 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 122 фоиз, моҳӣ 100,5 фоиз, шир 103 фоиз, тухм 136,4 фоиз ва пашм 117 фоиз таъмин шудааст.  

Боздид аз хоҷагии ниҳолпарварии «Бахтиёр 65»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан бо фаъолияти ниҳолпарварон шинос гардид.

Раиси вилоят дар хоҷагии ниҳолпарварии «Бахтиёр 65» аз намоиши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва тухмии зироатҳо боздид карда, бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва боғдорону деҳқонон суҳбат намуд.

Аснои суҳбат таъкид карда шуд, ки фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарвари деҳаи Ругунд назаррас буда, боғдорони деҳа дар парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда таҷрибаи бой доранд. Аксари минтақаҳои шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон ниҳолҳои худро аз боғдорони ҳамин деҳа харидорӣ менамоянд.

Суғд. Ба маблағи зиеда аз 22,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид

Дар соли 2024 кишоварзони вилояти Суғд ба маблағи умумии зиеда аз 22,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.

Соли 2024 тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят кишти зироатҳо дар майдони 282,8 ҳазор гектар замин гузаронида шуд. 

Мавриди зикр аст, ки масоҳати кишти гузаронидашудаи аксари зироатҳо дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 афзудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти шолӣ 1014 гектар, картошка 3668 гектар, сабзавот 94 гектар, аз он пиёз 52 гектар зиёд буда, масоҳати умумии кишти зироатҳо нисбати соли қаблӣ 2515 гектар бештар шудааст.