Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

6 ноябри соли равон аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирокчиёни ҳамоиш ва сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда, аз таърихи қабули ин санади сарнавиштсоз, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки таҷлили Рӯзи Конститутсия дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сурат гирифта, дар доираи он 84 иншооти таъиноти гуногун бо фароҳам овардани беш аз 2000 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки ин ҳама корҳои ободониву созандагӣ самараи Истиқлоли давлатӣ, сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми соҳибкорону сокинон дар ободонии Ватан мебошанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи мардуми кишвар ва дар шароити мураккаби сиёсии он замон заминаи устувори ташаккули давлатдории миллӣ гардид.
Конститутсия барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Ҳамзамон, тазаккур дода шуд, ки қабули ин санади муҳим тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар таҳкими сулҳу субот, барқарорсозии қонунияту тартибот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим гузошт.
Зикр шуд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат сарчашмаи низоми ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб рафта, тамоми қонунгузории миллӣ дар асоси он ташаккул меёбад. Маҳз дар ин санади олии ҳуқуқӣ муҳимтарин арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, принсипҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон муқаррар гардидаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори боварӣ намуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40-солагии Истиқлоли давлатиро низ бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва пешрафти боз ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ истиқбол мегиранд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи адабию фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд