Дидорбинии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона

3 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ мулоқот намуда, ӯро ба муносибати рӯзи мавлудаш табрик гуфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят аз мақому манзалати Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуда, саҳми ӯро дар рушди шеъри миллӣ, ғановати забону тафаккури бадеӣ ва тарғиби арзишҳои маънавӣ назаррас арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ адабиёту фарҳанг ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои фаъолияти эҷодии адибон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Фарзонаи Хуҷандӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо шеъри баландмазмун ва нигоҳи хоси эҷодӣ дар миёни хонандагон маҳбубият пайдо кардааст. Ашъори ӯ фарогири мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, инсонпарварӣ, зебоиҳои зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва андешаҳои фалсафӣ буда, дар муаррифии шеъри тоҷикӣ берун аз кишвар низ саҳм мегузорад.
То имрӯз чандин маҷмуа ва девонҳои ашъори шоир, аз ҷумла «Барги сабз», «Тулӯъи хандарез», «Шабохуни барқ», «Ояти ишқ», «То бекаронаҳо», «Меъроҷи шабнам», «Қатрае аз Мӯлиён», «Як ғунча роз», «Муҳри гули мино», «Сад барги ғазал», «Саду як ғазал», «Себарга», «Парниёни ҷон», «Ҳама гул, ҳама тарона», «Найшакар», «Найсон», «Ношири баҳор», «Арғунуни офтоб» ва «Модарнома» ба табъ расида, мавриди истиқболи хонандагон қарор гирифтаанд.
Раҷаб Аҳмадзода ба Фарзонаи Хуҷандӣ барои фаъолияти пурсамари адабӣ ва саҳми арзандааш дар ғановати ганҷинаи адабиёти миллӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ саломатии бардавом, рӯзгори хуш ва илҳоми тозаи эҷодӣ орзу кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки қалами созандаи шоир минбаъд низ дар тарбияи маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани завқи адабии насли ҷавон хизмат хоҳад намуд.
Фарзонаи Хуҷандӣ барои таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба аҳли адабу фарҳанг ёдовар шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд