Дар вилояти Суғд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқоти кушоди вилоятӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлол — 35 қуллаи варзиш» барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии мусобиқаҳо шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи якум, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм ва ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба раисони шаҳру ноҳияҳои ғолиб Ҷом ва мукофотҳои пулиро тақдим намуд.
Мусобиқоти мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш, таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба таъриху анъанаҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби вилоят баргузор гардиданд.
Мусобиқоти кушоди вилоятӣ аз рӯйи 35 намуди варзиш, аз ҷумла бокс, тенниси рӯи миз, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, варзиши сабук, камонварӣ, вазнбардорӣ, гӯштини юнонӣ-румӣ ва гӯштини кураш ва ғайраҳо доир гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




