Ҷамъбасти мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 октябр дар вилояти Суғд чорумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, ғолибону ҷоизадорон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо медалу ҷом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Мусобиқа аз 6 то 9 октябри соли 2026 дар Мактаби махсуси намудҳои камонварии вилояти Суғд баргузор гардида, дар он варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории мусобиқа рушди камонварӣ, таҳкими ҳамкориҳои варзишӣ миёни кишварҳо, муаррифии имкониятҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароит барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ҷараёни мусобиқа камонварон аз рӯи барномаҳои гуногун маҳорати касбӣ, дақиқкорӣ ва омодагии худро нишон дода, барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд рақобат карданд.
Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи варзиш мусоидат мекунад.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу ҷом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд