Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид.
Дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар оғози машварат масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва раванди корҳои созандагиву ободонӣ баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон ва таъмири 12 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Бо саҳми аҳлонаи сокинон, соҳибкорону шахсони саховатманд ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ин нақша пеш аз муҳлат иҷро гардида, то имрӯз беш аз 15 ҳазор иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо таъкиди зарурати идомаи корҳои ободонӣ ба масъулон супориш дод, ки ба нигоҳдории тозагӣ, беҳдошти муҳити зист, таъмиру навсозии иншооти иҷтимоӣ ва фароҳамсозии шароити муносиб барои сокинон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар машварат инчунин вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосили пахта, вусъати кишти тирамоҳӣ ва истифодаи самараноки заминҳои корам баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки бояд имконияту захираҳо пурра истифода гардида, ҷамъоварии саривақтии пахта таъмин карда шавад. Барои ин масъулони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки қувваи кориро сафарбар намуда, техникаи кишоварзиро самаранок истифода баранд ва ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.
Ҳамзамон, масъалаи омодагӣ ба тирамоҳу зимистонгузаронии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардид. Масъулон муваззаф шуданд, ки омодагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ, дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, ташкилоту корхонаҳоро ба фасли сармо ҳамаҷониба таъмин намоянд.
Супориш дода шуд, ки корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ пурра ба анҷом расонида шуда, ҷараёни иҷрои он таҳти назорати мунтазам қарор гирад.
Дар фарҷоми машварат вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои соҳавӣ ва масъулони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




