Дар Конибодом бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо шароити таълиму тарбия дар муассисаи нав шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи таълимӣ дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзанда барои хонандагону омӯзгорон ва сокинони маҳал мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил тадбирҳои созанда амалӣ мешаванд.
Бо саҳми соҳибкор Азизхон Азизов дар назди муассиса бинои иловагӣ бунёд гардида, бинои қаблии мактаб низ таъмиру навсозӣ карда шудааст. Ҳамзамон, дар шафати муассиса майдончаи хурди варзишӣ сохта шуда, барои машқу тамрини хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Омӯзгорону хонандагони муассиса ва сокинони деҳаи Равот барои таваҷҷуҳу ғамхории доимӣ нисбат ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таҳсил таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Гуфта шуд, ки дар шаҳри Конибодом сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 5 кӯдакистон идома дошта, корҳои сохтмонӣ дар онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Мавриди истифода қарор гирифтани ин 10 иншооти соҳаи маориф барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои фарогирии кӯдакон ба таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад.
Роҳбари вилоят барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ба соҳибкор Азизхон Азизов изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки саҳми соҳибкорон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳал ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад. Бо боварӣ изҳор гардид, ки соҳибкорони шаҳри Конибодом минбаъд низ дар корҳои ободонӣ ва бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Конибодом шинос шуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Конибодом бунёд, таъмир ва навсозии як қатор иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз қисми зиёди иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар дигар иншооти бунёдшаванда корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд.
Бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ имкон фароҳам меорад, ки фарзандони диёр дар синфхонаҳои барҳаво, муассисаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, муассисаро дар муҳлати пешбинишуда барои истифода омода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд