Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сафедораки деҳоти Патари шаҳри Конибодом Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи иншооти нави тандурустӣ иштирок намуда, бо шароити фароҳамовардашуда шинос шуд.
Маркази саломатӣ бо тарҳи зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, бо саҳми соҳибкорон ва сокинони деҳа барои қабули беморон, ташхису табобат ва расонидани хизматрасонии аввалияи тиббӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти иҷтимоӣ барои дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии босифати тиббӣ аҳамияти муҳим дорад.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бунёду навсозии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, бахусус дар маҳалҳои дурдаст, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар баробари бунёди иншооти нави тандурустӣ, масъалаҳои таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти табибон ва муҷаҳҳаз намудани марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ бояд пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.
Дар ин замина ба масъулини соҳа ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассиса, таъмини он бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




