Идомаи мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар Конибодом

Дар шаҳри Конибодом саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсту бунёдкор ҳамчун рисолати фарзандӣ ва нишонаи эҳтиром ба Ватан арзёбӣ мегардад.

Бо ҳамин руҳияи созанда дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр корҳои ободонӣ вусъат гирифта, роҳу кӯчаҳо навсозӣ, иншооти гуногун бунёд ва симои маҳалҳои аҳолинишин рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад.
Дар идомаи ин иқдомҳои созанда бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз гардид.
Тибқи нақша, бо саҳми сокинон дар масофаи 1,5 километр корҳои мумфаршкунӣ анҷом дода шуда, пас аз ба истифода додани он шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон беҳтар хоҳад шуд.
Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз раванди корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ёдовар шуда, таъкид кард, ки рушди инфрасохтор, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум самараи Истиқлоли давлатӣ ва натиҷаи сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Зикр гардид, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди маҳалҳо, таҷдиди роҳҳо ва ободонии шаҳру деҳот имкониятҳои васеъ фароҳам омада, ташаббусҳои созандаи сокинон ба ин раванд такони бештар мебахшанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сокинони Конибодомро ба идома додани корҳои ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал даъват намуда, таъкид кард, ки ҳар як иқдоми созанда барои ободии Ватан ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор мегузорад.
Ҳамзамон, аз сокинони ватандӯсту ободкор даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ тарбия намуда, онҳоро ба меҳнатдӯстиву созандагӣ ҳидоят кунанд ва дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд