Дар шаҳри Конибодом, ки яке аз минтақаҳои асосии пахтакории вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар маросими оғози чиниши пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова иштирок намуд.
Ҷамъияти мазкур аз хоҷагиҳои калони пахтакори шаҳр ба шумор рафта, бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва таҷрибаи пешрафта сол ба сол ҳосилнокии заминро баланд бардошта, ҳаҷми истеҳсоли пахтаро афзоиш медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо раванди ҷамъоварии ҳосил таъкид гардид, ки солҳои охир дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди пахтакорӣ дар вилояти Суғд таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуда, истифодаи технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами соҳа натиҷаҳои назаррас медиҳад.
Имсол беҳтар гардидани таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ низ барои рушди зироатҳо шароити мусоид фароҳам оварда, дар майдонҳои пахта ҳосили хуб ба назар мерасад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба мутахассисон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастур дод, ки барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил тамоми имкониятҳо сафарбар карда шаванд. Таъмини чинакчиён бо шароити зарурӣ, ҳавасмандгардонии меҳнаткашон ва истифодаи самараноки рӯзҳои мусоиди офтобӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ҷамъоварии саривақтии пахта имкон медиҳад, ки заҳмати деҳқон талаф наёфта, ҳосили рӯёндашуда ба хирман супорида шавад ва нақшаи пахтасупорӣ дар муҳлатҳои муайян иҷро гардад.
Дар хоҷагии деҳқонии «Ашӯров»-и деҳоти Фирӯзоба низ ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Соли равон дар хоҷагӣ дар майдони 73 гектар пахта кишт карда шуда, деҳқонон бо такя ба вазъи хуби киштзор ба даст овардани ҳосили фаровонро интизоранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо кишоварзон пахтакориро яке аз самтҳои муҳими кишоварзӣ арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки пахта ҳамчун ашёи хоми стратегӣ барои рушди саноати коркард нақши муҳим дошта, афзоиши истеҳсоли он ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷамъоварии пахтаро дар муҳлатҳои муносиб ва бе талаф анҷом дода, барои иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафт.
Сокини деҳоти Патар Сангинҷон Норматова, ки солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст, аз ҷумлаи собиқадороне буд, ки роҳбари вилоят бо ӯ суҳбат кард.
Раҷаб Аҳмадзода собиқадори меҳнатро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояш саломатии бардавом ва рӯзгори орому осуда орзу кард. Ба Сангинҷон Норматова аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин собиқадори соҳаи иқтисодиёт Назир Иброҳимзода мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ӯро бо фарорасии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.
Собиқадорони меҳнат барои таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба аҳли заҳмат ва қадрдонии хизматҳои онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




