
Ҷашни таърихӣ ва муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланду шарафманди вилоят самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар бахту саодат, файзу баракат, рӯзгори осуда ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям.
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихӣ ва неъмати бебаҳо, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланди тоҷик ба шумор меравад.
Маҳз ба шарофати ин рўйдоди муҳими таърих ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик имконият фароҳам омад, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги пурғановат ва иродаи созандаи мардум роҳи мустақили давлатдориро интихоб ва ҷойгоҳи шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон раванди бунёдкориву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, заминаҳои устувори рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум таъмин гардид.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда ва мавқеи устувор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ саҳми арзанда мегузорад. Эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таҳкими cyлҳ барои наслҳои оянда, муборизаи оштинопазир бо падидаҳои номатлуби ҷаҳони имрўз, аз ҷумла экстремизм ва терроризм далели равшани мавқеи устувор ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоламон дар миқёси ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид намуд, ки истиқлол барои мардуми сарбаланди тоҷик рамзи соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулият дар назди Ватан мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи сулҳу субот, саҳмгузорӣ дар ободии Тоҷикистони маҳбуб вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Имрӯз сокинони вилоят низ дар партави сиёсати сулҳпарварона, созандаву бунёдкорона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, бо эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва татбиқи чаҳор ҳадафи стратегии давлат сарбаландона саҳми арзанда гузошта истодаанд. Дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии сокинони вилоят дар соли таърихии таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи корҳои созандагию бунёдкорӣ пеш аз муҳлат ба итмом расида, нақшаи иловагии бунёди иншоотҳо низ пурраву барзиёд иҷро гардид.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди вилоят минбаъд низ бо заҳмати содиқона, ташаббусҳои созанда ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон саҳми муносиб мегузоранд.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба тамоми сокинони вилоят зиндагии шоиста, саодати рӯзгор, файзу баракати хонадон ва дар фаъолияти созандаашон комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Бигзор, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор бошад ва парчами истиқлолу озодӣ ҷовидона парафшон ва давлату миллатамон рӯз ба рӯз неруманду ободтар гардад!
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак бошад!




