Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов аз рафти корҳои саҳроӣ, парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия боздид ба амал овард.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки нашъунамои пахта дар заминҳои кишоварзии ноҳия хуб буда, деҳқонон бо истифодаи дурусти қоидаҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. Бо назардошти нашъунамои хуби зироат интизор меравад, ки соли ҷорӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Дар хоҷагии деҳқонии «Абуқаюмбобо» имсол дар майдони 10 гектар пахта кишт гардидааст. Масъулини хоҷагӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва нигоҳубини саривақтии киштзор изҳори боварӣ намуданд, ки бо истеҳсоли ҳосили баланд дар ғанӣ гардонидани хирмани «тиллои сафед» саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Ҳамзамон Раиси вилоят аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагии деҳқонии «Шералибобо» боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъоварӣ ва ба бозор баровардани маҳсулот бо маром идома дошта, ҳамарӯза аҳли заҳмати хоҷагӣ ба ҷамъоварӣ ва фурӯши ҳосил машғул мебошанд.
Имсол дар хоҷагии мазкур дар майдони 1,5 гектар пиёз кишт гардида, ҳосилнокии пешбинишуда аз ҳар гектар 97 сентнерро ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон барои истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷамъоварии саривақтии маҳсулот ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




