Боздиди Раиси вилояти Суғд аз корхонаи бофандагии шаҳри Сяняни Ҷумҳурии мардумии Чин

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин ва бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи соҳаи саноати сабук Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳайати корӣ аз корхонаи бузурги бофандагӣ дар шаҳри Сянян боздид намуданд.

Корхонаҳои бузурги саноатии бофандагӣ, ки бо истифода аз технологияҳои муосир фаъолият мекунанд, аз рушди босуръат ва дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии мардумии Чин дар самти саноати сабук шаҳодат медиҳанд.
Гурӯҳи бофандагии Сянян яке аз марказҳои пешрафтаи саноати нассоҷӣ дар шимолу ғарби Чин ба ҳисоб рафта, дорои пойгоҳи мукаммали санҷиши нахи текстилӣ ва таҳияи технологияҳои нави истеҳсоли маҳсулот мебошад. Дар сохтори он як қатор коргоҳҳои истеҳсолӣ фаъолият дошта, тамоми марҳилаҳои коркарди ашёи хом — аз ресандагӣ ва бофандагӣ то рангкунӣ ва дӯзандагиро дар бар мегирад.
Зимни мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкат Фан Сите Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва имкониятҳои таъсиси корхонаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор дод.
Таъкид гардид, ки вилояти Суғд барои рушди ҳамкориҳои судманд дар самти саноати сабук имкониятҳои васеъ дорад. Мавҷудияти захираҳои бойи ашёи хом, бахусус пахта, яке аз омилҳои муҳими ҷалби сармоягузорон ва ташкили истеҳсолоти муосири бофандагӣ мебошад.
Дар вилоят ноҳияҳои калони пахтакор, аз ҷумла Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров заминаи мусоидро барои таъсиси корхонаҳои нави коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва рушди занҷираи пурраи саноати сабук фароҳам меоранд.
Раҷаб Аҳмадзода зикр намуд, ки вилояти Суғд барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо шарикони хориҷӣ омода буда, таҷриба ва имкониятҳои ширкатҳои пешрафтаи чинӣ метавонад ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати сабуки минтақа мусоидат намояд.
Раиси Шӯрои директорони ширкати бофандагии Сянян Фан Сите дар навбати худ изҳор дошт, ки ширкат ба роҳ мондани ҳамкориро бо Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғд, муҳим арзёбӣ намуда, омода аст имкониятҳои сармоягузорӣ ва таъсиси истеҳсолоти муштаракро баррасӣ намояд. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки дар ояндаи наздик аз вилояти Суғд боздид хоҳад кард.
Боздиди мазкур заминаи нав барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти рушди саноати сабук ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд